Тоҷикистон ба тақсими 1 млн. юан шурӯъ мекунад

– Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз Бонки мардумии Чин 1 млн. юан маблағ дастрас намуд, ки истифодаи он барои эҳтиёҷоти иқтидорҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ дар назар аст, – иттилоъ дод зимни нишасти хабарии имрӯза Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси БМТ. Ӯ қайд кард, ки моҳи сентябри соли гузашта Бонкҳои марказии кишварҳо дар бораи оғози амалиёти мубодилаи асъор миёни […]



– Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз Бонки мардумии Чин 1 млн. юан маблағ дастрас намуд, ки истифодаи он барои эҳтиёҷоти иқтидорҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ дар назар аст, – иттилоъ дод зимни нишасти хабарии имрӯза Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси БМТ.

Ӯ қайд кард, ки моҳи сентябри соли гузашта Бонкҳои марказии кишварҳо дар бораи

оғози амалиёти мубодилаи асъор миёни сомонии Тоҷикистон ва юани Чин

ё СВОП созишнома ба имзо расониданд.

Ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, дар доираи ин созишнома айни замон ба таври озмоиш дар ҳаҷми 1 млн. юан воситаҳо ҷалб шудаанд.

«Дар навбати аввал ин воситаҳо ба бахши истеҳсолӣ равона мегарданд», – гуфт ӯ ва қайд кард, ки ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки барои дастрас кардани асъори чинӣ аз корхонаҳои истеҳсолӣ дархост ҷамъоварӣ кунанд.

Нурмаҳмадзода дар шарҳи ин масъала гуфт, воситаҳои аз Чин дастрасшуда тариқи ташкилотҳои қарзӣ ба корхонаҳое дода мешаванд, ки нияти харидории таҷҳизот аз Чинро доранд.

Ба қавли номбурда, айни замон агентҳо, яъне бонкҳи хизматгузор муайян карда мешаванд, ки ба мубодилаи сомонӣ бо юан машғул хоҳанд шуд. «Минбаъд баъди муайян шудани талаботамон асъори чиниро дар ҳаҷмҳои зарурӣ ҷалб мекунем», – гуфт ӯ.

Раиси БМТ таъкид дошт, ки феълан дар мавриди ивази як асъор бо асъори дигар бо чунин тарз ҳамчунин бо Русия, Туркия ва дигар кишварҳо, ки шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд, гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Нурмаҳмадзода бар ин назар аст, ки бо чунин тарзҳои корбарӣ фишори қурбӣ болои арзи миллии Тоҷикистонро метавон ба таври назаррас коҳиш дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.