БМТ ва Вазорати молия ҳамаи тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолмешударо хариданианд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ тамоми тиллои дар кишвар истеҳсолмешударо хариданианд. Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки соли равон Бонки миллӣ ҳаҷми захираҳои тиллои худро ба таври қобили мулоҳиза зиёд карданист. Ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, ҳаҷми захирахои тиллои БМТ соли гузашта 40% ва ҳаҷми умумии захираҳои тиллову […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ тамоми тиллои дар кишвар истеҳсолмешударо хариданианд.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки соли равон Бонки миллӣ ҳаҷми захираҳои тиллои худро ба таври қобили мулоҳиза зиёд карданист.

Ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, ҳаҷми захирахои тиллои БМТ соли гузашта 40% ва ҳаҷми умумии захираҳои тиллову асъори бонк – 28% афзуд.

Дар ҳамин ҳол, раиси БМТ аз ифшои маълумот дар бораи ҳаҷми умумии захираҳои тилоову асъори ҷумҳурӣ худдорӣ варзид. Ба аввали соли 2015 ҳаҷми захираҳои тиллову асъор 2 млрд. 550,9 млн. сомониро ташкил дода буд.

Қаблан сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Мурод Хол ба журналистон изҳор дошта буд, ки

ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи имконот бархӯрдор аст

, то ки металлҳои гаронбаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ истихроҷшударо пурра харидорӣ намояд.

Ӯ таъкид дошта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон металлҳои гаронбаҳои дар қаламрави кишвар истихроҷшударо бо назардошти нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ бо мақсади афзудани захираҳои фонди металлҳои гаронбаҳо ва сангҳои гаронбаҳо мехарад, ки захираҳои тиллову асъори БМТ яке аз қисматҳои он мебошад.

Қобили зикр аст, ки айни замон корхонаи муштараки «Зарафшон, «Апрелевка», «Одина», ширкати чинии China Nonferrous Gold (корхонаи фаръии он – «Покрӯд»), корхонаҳои ватании «Назира», «Ганҷ», «Баракат» ва «Истиқлол» ва баъзе корхонаҳои дигар ба истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон машғул мебошанд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи тилло дар Тоҷикистон қариб 2 баробар афзуда, ҳудуди 2,3 тоннаро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.