Амирқул Азимов доир ба тамоми ҳақиқати рӯйдодҳои феврали соли 1990 дар Душанбе

Амирқул Азимов, собиқ прокурори генералии Тоҷикистон, собиқ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, собиқ мушовири давлатии Эмомалӣ Раҳмон, собиқ муовини вазири корҳои дохилии ҶТ меҳмони навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо мешавад. Ба ин фонд журналисти маъруфи тоҷик ва олим, профессор Иброҳим Усмонов роҳбарӣ мекунад. Маҳфили навбатӣ бо иштироки Амирқул Азимов соати 16-30-и рӯзи 28 январ дар маркази […]



Амирқул Азимов, собиқ прокурори генералии Тоҷикистон, собиқ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, собиқ мушовири давлатии Эмомалӣ Раҳмон, собиқ муовини вазири корҳои дохилии ҶТ меҳмони навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо мешавад. Ба ин фонд журналисти маъруфи тоҷик ва олим, профессор Иброҳим Усмонов роҳбарӣ мекунад.

Маҳфили навбатӣ бо иштироки Амирқул Азимов соати 16-30-и рӯзи 28 январ дар маркази савдои «Пойтахт» доир мегардад.

Амирқул Азимов ба саволҳои иштирокдорони маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо» дар мавзӯи рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе, сабабҳо ва омилҳои асосии рух додани он посух мегӯяд.

Амирқул Азимов 30 марти соли 1948 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Ленинобод (феълан Суғд) тавваллуд шудааст.

Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (соли 1972).

Аз соли 1972 – муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.

Дар Артиши Шӯравӣ ба сифати афсар хизмат кардааст, сипас ба ҳайси муфаттиш, сармуфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказӣ, сармуфаттиши прокуратураи шаҳри Душанбе, сармуфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими назди Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Солҳои 1978-1992 – сардори Шуъбаи тафтишоти Раёсати тафтишоти Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон/ҶТ.

Ҳамзамон солҳои 1990-1991 – роҳбари Гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералии Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба тафтиши рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990.

Солҳои 1992-1994 – муовини вазири корҳои дохилии ҶТ.

Солҳои 1994-1995 – мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ.

Апрели соли 1995- августи соли 1996 – Прокурори генералии Тоҷикистон.

Аз моҳи августи соли 1996 – Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон (то июли соли 2001).

Аз моҳи майи соли 2011 то моҳи марти соли 2015 – вакил, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ оид ба мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ.

Дорои рутбаи генерал-лейтенант.

Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.