Пардохти қарзи андози бисёрмиллионнаи «Созидание» соли равон дар назар аст



Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки давоми соли равон масъалаи пардохти қарзи ширкати русиягии «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо ҳаллу фасл намояд.

Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки бо дастури дахлдори ҳукумат намояндагони мақомоти андоз бо намояндагони ширкати русиягӣ ва Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дар ин хусус гуфтушунид доранд. «Фикр мекунам, ки ин масъала давоми соли 2016 ҳал мешавад», – иброз дошт ӯ.

Давлатзода зикр кард, ки «ин ҷо сухан сари воситаҳо дар ҳаҷми ниҳоят зиёд меравад» ва аз ин рӯ, «ҳаллу фасли он дар муддати кӯтоҳ ғайриимкон аст».

Зимнан таъкид гардид, ки қарори суд оид ба қарздории ширкати «Сохидание» аз андоз се сол қабл содир гардида буд.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 Кумитаи андоз маблағи зиёди қарз аз андози ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо ошкор намуд.

Дар мурофиаи судӣ дар бораи аз ҶДММ «Созидание» маҷбуран рӯёнидани қарзҳо аз андоз дар ҳаҷми 322 млн. 352 ҳазору 898 сомонӣ қарор қабул шуд.

Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо

қонеъ накард.

Дар нишасти хабарии нимсолаи аввали соли 2014 раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода

дар ин робита изҳор дошта буд

, ки мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва раҳбарияти ширкати «Созидание» оид ба пардохти қарзи ширкат аз андоз ба як созиши муайян даст ёфтанд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ахири моҳи январи соли гузашта аз ҷониби раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО)

қарзҳои ҶДММ«Созидание» аз андоз, ҷарима ва фоизҳо 

дар ҳаҷми беш аз 322 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро бояд пардохт намояд.

Қабл КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати алюминии «Русал»-и Русия оид ба даст кашидан аз даъвоҳои мутақобила

тавофуқ ҳосил карданд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» аз болои қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи маҷбуран рӯёнидани қарзҳо аз андоз дар ҳаҷми 67 млн. $-ро 

қонеъ накарда буд.

spot_imgspot_img

Популярное