Масъалаи қарзи «Созидание» аз андоз тариқи ҳисоббаробаркунӣ ҳал мешавад

– Мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва раҳбарияти ширкати «Созидание» оид ба пардохти қарзи ширкат аз андоз ба як созиши муайян даст ёфтанд, – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода. Ӯ қайд кард, ки маблағи умумии қарзи ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии […]



– Мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва раҳбарияти ширкати «Созидание» оид ба пардохти қарзи ширкат аз андоз ба як созиши муайян даст ёфтанд, – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода.

Ӯ қайд кард, ки маблағи умумии қарзи ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанбе беш аз 320 млн. сомониро ташкил медиҳад.

«Оид ба масъалаи ҷуброни ин маблағ кор ҷараён дорад ва фикр мекунам, ки то ахири сол масъала ба нафъи буҷети давлатӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд», – гуфт Давлатзода.

Раиси Кумита зикр кард, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ҷонибҳо ҷиҳати тариқи ҳисоббаробаркунии мутақобила ҳал кардани ин масъала тавофуқ ҳосил кардаанд.

Чанде қабл раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Наим Мансурзода зимни нишасти хабарӣ

дар ин робита изҳор намуд

, ки шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» қонеъ нагардида, акнун ширкат уҳдадор аст, ки қарзҳо аз андоз, ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми беш аз 322 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро пардохт намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.