Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯйхати шахсонеро, ки дар бозои асъор ба ҳанотӣ машғуланд, таҳия намуд. Нисбати онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
«Мо аз шумори онҳо ва макони зисташон огаҳӣ дорем», – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 26 январ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва қайд кард, ки аллакай рӯйхати ҳаннотон тартиб дода шуда, ояндаи наздик ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод мегардад.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода хотиррасон намуд, ки ахири соли гузашта бо қарори Бонки миллӣ ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, пас аз ин собиқ афроди машғул ба мубодилаи асъори хориҷӣ ба анҷом додани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор даст заданд.»Ҳаҷми умумии ҷаримаҳо барои анҷом додани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор дар соли гузашта беш аз 3 млн. сомониро ташкил дод», – иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки асосан ташкилотҳои қарзие, ки нуқтаҳои мубодилаи асъор ба онҳо тааллуқ доштанд ва ҳамчунин саррофони ҷудогона ҷаримабандӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон масъулият барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро
сангинтар карданист.
Мутахассисони Бонки миллӣ ҳамроҳ бо намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ айни замон ба таҳияи тағйироту иловаҳои дахлдор машғуланд.





