Боздиди сафири нави ИМА аз ВКХ Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 26 январи соли 2016 сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Инга Миллардро ба муносибати супоридани нусхаҳои эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни дидор ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Гуфта мешавад, инчунин оид ба масъалаи […]



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 26 январи соли 2016 сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Инга Миллардро ба муносибати супоридани нусхаҳои эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни дидор ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, инчунин оид ба масъалаи ҳамкории минтақавӣ ва таъмини амният дар манотиқи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва кӯмаки ШМА дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар вазифаи сафири Вашингтон дар Душанбе Элизабет Инга Миллард Сюзан Эллиотро иваз кард.

Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, сафири навинтихоби ИМА дар Тоҷикистон хонум

Элизабет И. Миллард

баъди адои савганд, ки маросими он 14-уми декабри соли 2016 дар Вашингтон (округи Колумбия) баргузор гардид, барои иҷрои вазифаи мазкур чанде қабл ба Душанбе ташриф овард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.