Духтари президенти Тоҷикистон, акнун собиқ муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.
Дар ин мансаб ӯ Бахтиёр Худоёрзодаро иваз мекунад, ки аз ҷониби президент ба мансаби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Шахси ба вазифаи муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ таъинмешуда алҳол маълум нест.
Раҳмон Озода Эмомалӣ
3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1995-2000
– донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
Солҳои 2004-2006
– донишҷӯи Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ), ш. Вашингтон ва Коллеҷ-Парк;
Солҳои 2005-2007
– атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ш. Вашингтон;
Солҳои 2007-2009
– сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
Солҳои 2009-2014
– муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
Аз 15 майи соли 2014
– муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.





