Дар Индекси коррупсия Тоҷикистон мавқеъашро 16 зина беҳтар кард

Нисбат ба солҳои пешин сатҳи коррупсия дар Тоҷикистон дар соли 2015 коҳиш ёфт. Дар гузориши Ҳаракати байнулмилалии муқовимат ба коррупсияи Transparency International дар ин робита гуфта мешавад, соли 2015 Тоҷикистон аз ин созмон 26 балл (се балл зиёдтар нисбат ба соли 2014) гирифта, зинаи 136-умро ишғол намуд, ки аз соли 2012 (ба ҳисоби 100-балла гузаштан) […]



Нисбат ба солҳои пешин сатҳи коррупсия дар Тоҷикистон дар соли 2015 коҳиш ёфт.

Дар

гузориши

Ҳаракати байнулмилалии муқовимат ба коррупсияи Transparency International дар ин робита гуфта мешавад, соли 2015 Тоҷикистон аз ин созмон 26 балл (се балл зиёдтар нисбат ба соли 2014) гирифта, зинаи 136-умро ишғол намуд, ки аз соли 2012 (ба ҳисоби 100-балла гузаштан) беҳтарин натиҷа ба шумор меравад. Соли 2014 Тоҷикистон дар мақоми 152-юм, дар як саф бо кишварҳое чун Конго ва Чад қарор дошт.

Дар рейтинги ҳозира бо 91 балл Дания пешшсаф буда, зинаҳои аввали баъдиро Финландия ва Шветсия касб кардаанд. Соли чорум аст, ки Кореяи Шимолӣ ва Сомалӣ дар зинаҳои охирини рейтинг қарор мегиранд.

Миёни кишварҳои пасошӯравӣ поинтар аз Тоҷикистон танҳо Ӯзбекистону Туркманистон ҷойгир шудаанд, ки зинаҳои 153 ва 154-уми рейтингро ишғол намудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.