Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон беш аз 30% афзуд

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли металлҳои гаронбаҳо дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза афзуд. Дар муқоиса бо соли 2014 соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли тилло – 31,6% ва нуқра – 61% зиёд шуд. Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бозода зимни нишасти хабарии имрӯза ҳаҷми тиллои истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ соли гузаштаро ифшо накарда, изҳор намуд, ки […]



Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли металлҳои гаронбаҳо дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза афзуд. Дар муқоиса бо соли 2014 соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли тилло – 31,6% ва нуқра – 61% зиёд шуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бозода зимни нишасти хабарии имрӯза ҳаҷми тиллои истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ соли гузаштаро ифшо накарда, изҳор намуд, ки ин маълумот «махфӣ» аст. «Маълумот дар бораи металли рақами 1-ро мо танҳо дар фоизҳо нисбат ба давраи гузашта пешниҳод карда метавонем», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, соли 2014 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 3,2 тонна тилло истеҳсол шуда буд ва аз ин метавон муқаррар кард, ки соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли ин навъи металли гаронбаҳо дар кишвар то ба 4,2 тонна расидааст.

Дар ҳамин ҳол, Бобозода таъкид дошт, ки соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳаҷми хариди тиллои дар кишвар истеҳсолмешударо зиёд карданд.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2015 бори нахуст корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маснӯоти заргарӣ аз тилло машғуланд, ба харидани тиллои ватанӣ оғоз намуданд. «Мо ба харидани тиллои дар ҷумҳурӣ истеҳсолмешуда дар дохили кишар манфиатдорем», – иброз дошт вазир ва илова намуд, ки «ин ҳамчунин аҳамияти сиёсӣ низ дорад».

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз пеш раиси Бонки милии ҷумҳурӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар мавриди ин масъала

зикр карда буд

, ки Бонки миллӣ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ тамоми тиллои дар кишвар истеҳсолмешударо хариданианд.

Қаблан сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол низ дар ин робита

изҳор намуда буд

, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи имконот бархӯрдор аст, то ки металлҳои гаронбаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ истихроҷмешударо пурра харидорӣ намояд.

Қобили зикр аст, ки айни замон корхонаи муштараки «Зарафшон, «Апрелевка», «Одина», ширкати чинии China Nonferrous Gold (корхонаи фаръии он – «Покрӯд»), корхонаҳои ватании «Назира», «Ганҷ», «Баракат» ва «Истиқлол» ба истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон машғул мебошанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.