Суғд: Омӯзгори 67-сола келинашро назди набераҳояш ба қатл расонид

Суди вилояти Суғд Мулло Ашрафов, омӯзгори яке аз омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд, сокини 67-солаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои қатли келини 34-солааш – модари чор наберааш ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Судяи суди вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси ин мурофиа Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, […]



Суди вилояти Суғд Мулло Ашрафов, омӯзгори яке аз омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд, сокини 67-солаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои қатли келини 34-солааш – модари чор наберааш ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Судяи суди вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси ин мурофиа Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса шоми рӯзи 13 январи соли 2016 ба вуқӯъ пайваста, байни падари хонадон ва келин, ки ҳамзамон хоҳарзодааш будааст, муноқишаи оилавӣ сар мезанад.

«Дар ин ҷанҷол Мулло Ашрафов ба келинаш дар назди набераҳои ноболиғаш бо корди хоҷагӣ 8 зарба зада, дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – иброз дошт судя.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, келинаш бо қарори додгоҳ ҳамроҳи чор кӯдак дар хонаи ӯ маскун шуда будааст. Худи Мулло Ашрафов дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, танҳо баъди лабрез шудани косаи сабр ба ин кор даст задааст. «Агар ба коса ҳар рӯз аз боло як қатра об чакидан гирад, коса лабрез мешавад. Косаи сабри ман ҳам лабрез шуд. Ман то кай мебардорам?», – афзудааст ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.