«Ҳамсояҳои нек» ба Э.Раҳмон назорати интернетро тавсия медиҳанд

Ташкилоти авруосиёии амнияти кибернетикӣ (ОЕКБ) ба сарони кишварҳои Авруосиё тавсия медиҳад, ки интернет-трафикро тахти назорат гиранд. Муроҷиатномаи интишоршуда дар сомонаи расмии ин ташкилот ба унвони сарони кишварҳои Русия – Владимир Путин, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Озарбойҷон – Илҳом Алиев, Беларус – Александр Лукашенко, Арманистон – Серж Саргсян, Ӯзбекистон – Ислом Каримов, Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, […]



Ташкилоти авруосиёии амнияти кибернетикӣ (ОЕКБ) ба сарони кишварҳои Авруосиё тавсия медиҳад, ки интернет-трафикро тахти назорат гиранд.


Муроҷиатномаи

интишоршуда дар сомонаи расмии ин ташкилот ба унвони сарони кишварҳои Русия – Владимир Путин, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Озарбойҷон – Илҳом Алиев, Беларус – Александр Лукашенко, Арманистон – Серж Саргсян, Ӯзбекистон – Ислом Каримов, Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, Молдова – Николай Тимофти ва Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шудааст.

«Дафтари федералии тафтишот (ФБР) ба маълумоти молиявӣ ва маълумот дар бораи солимии корбар дастрасӣ пайдо карда метавонад ва ҳамчунин макони будубоши ӯро пайгирӣ намуда, ҳатто ба микрофон ва камераи телефон ҳам дастрас буда метавонад», – омадааст дар муроҷиатнома.

«Дар ин робита, – зикр мегардад дар он. – Ҳамоҳангсозии амалҳои кишварҳои авруосиёӣ дар паҳнои ИДМ ва сиёсати ҳамгиройишудаи онҳо нисбати ширкатҳои бузурги IT ба мисли Apple, Google, Facebook, Twitter,Samsung ва ғайра аз ҳарвақта дида хеле муҳим аст».

Аз сарони кишварҳои авруосиёӣ даъват карда мешавад, ки бо пайравӣ ба Русия қонуне қабул кунанд, ки ширкатҳои хориҷиро, ки аз ҷумла ба сервисҳои почтавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷустуҷӯ моликанд, уҳдадор намояд, ки маълумоти шахсиро ба таври истисноӣ дар серверҳои миллӣ ҳифз намоянд.

Зикр мегардад, ки ҳама гуна маълумот дар бораи шаҳрвандони кишварҳои Авруосиё, аз ҷумла аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ бояд мавриди назорати қонун қарор гиранд. «Дар сурати саркашӣ аз иҷрои ин қонунҳо, бояд чораҷӯӣ, то қатъи фаъолияти сомона ва сервисҳо сурат гирад. Бо ҳифзи маълумот ширкатҳо уҳдадоранд, ки бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳукумати кишварҳо, ин маълумотҳоро ба онҳо пешниҳод кунанд», – таъкид мешавад дар муроҷиатнома.

Ба андешаи коршиносони ташкилот, ҳамчунин тадбирҳои тақвияти сатҳи эътимоднокии зербинои IT (бо намунаи мисол аз қазияи моҳи ноябри соли 2015 бо ширкати монополисти Delta Telecom-и Озарбойҷон), гуногун будани таҳвилгарони миллии хизматгузориҳои IT, таҳияи механизмҳои эҳтиётӣ барои ҳолатҳои ғайримунтазира, тақвияти назорат аз болои ширкатҳои хориҷии телекоммуникатсионӣ, таъсиси каналҳо ва шабакаҳои захиравии авруосиёӣ ҷиҳати бехатарии шабака низ аз ҷумла вазифаҳои муҳим дар ин самт маҳсуб меёбанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.