Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ ордени „Содружество“-и (Иттиҳод) Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро супурд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ҳамчунин ба Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҷӯрахон Маҷидзода „Ифтихорномаи фахрии“ Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ба вакилони Маҷлиси намояндагон Бибидавлат Афзалшоева, Дилшод Исматуллоев, Олимҷон Сафаров „Ифтихорномаи фахрии“ Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ тақдим карда шуд.





