Бонки ҷаҳонӣ ҷаҳонӣ доир ба тадбирҳои таҳкими зербинои молиявӣ дар Тоҷикистон

ASIA-Plus



Коршиносони намояндагии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки барои таҳкими зербинои молиявӣ, Тоҷикистонро ҳоло лозим меояд, ки зинаҳои зиёди дигареро паси сар намояд.

Бино ба маълумоти расида аз намояндагии бонк, лоиҳаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳкими зербинои молиявӣ дар Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ACAFI) бо дастгирии ҳукумати Швейтсария аз соли 2009 ба Тоҷикистон дар беҳбуди низоми маблағгузорӣ ба рушди тиҷорати хурду миёна, тавсеъаи дастрасӣ ба қарзҳо бо мақсади ҳавасмандсозии минбаъдаи онҳо кумак мекунад.

«Ба туфайли дастгирии Бонки миллӣ, ҳукумати ҶТ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд, Ассостсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилоҳои қарзии хурди ҷумҳурӣ дар бунёди зербинои молиявӣ бо шумули роҳандозии низоми табодули маълумоти қарзӣ, амалиёт зери гарави амволи манқул, барномаи саводнокии аҳолӣ дар масоили молия ва ғайра натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, ҳамаи ин тадбирҳо ба васеъ кардани имконоти дастрасӣ ба маблаггузорӣ дар кишвар равона шудаанд», – омадааст дар маълумот.

Қайд мешавад, ки дар ҷаласаи имрӯзаи маҳфили матбуот намояндагони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва журналистон дар вазъи ғайрирасмӣ масоили натиҷаҳои ҳосилшуда аз рӯи ҳадафҳои лоиҳа бобати бунёди низоми зербинои молиявиро баррасӣ ва коршиносоони бонк дар бораи натиҷаву дастовардҳо оид ба Лоиҳаи саводноккунии молиявии аҳолӣ, низоми муомилоти таъминшуда ва тавсеъаи дастрасӣ ба маблағгузории тиҷорати хурду миёна, лоиҳаи қонунҳои таҳияшуда барои фаъолияти пурсамари низоми гарави амволи манқул ва ғайра маълумот медиҳанд.

«Вохӯрӣ журналистонро ба инъикоси бештар касбии чорабиниҳои қарибулвуқӯъ оид ба тавсеъаи имконоти маблағгузории тиҷорати хурду миёна ба воситаи рушди зербинои молиявӣ омода мекунад», – зикр мегардад дар маълумот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...