Густариши робитаҳои илмии Тоҷикистону Чин

Иттилоияи расмӣ



Аз 7 то 9 марти соли 2016 намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИ ҶТ) дар ҳайати президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Муминов бо сафари хизматӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин қарор доштанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти АИ ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, дар рафти  сафар ҳайати намояндагӣ дар Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Чин, Академияи илмҳои табиатшиносии Чин, Академияи илмҳои гуманитарии Чин, Ширкати миллии ҳастаии Чин, ҳамчунин институтҳои зертобеъ – Институти физика (Озмоишгоҳи миллии физикаи муҳитҳои конденсии Пекин) ва Институти физикаи энергияҳои баланди Академияи илмҳои табиатшиносии Чин вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Тарафҳо оид ба ҷараёни рушди ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва технология, ки дар Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология (соли 1993) ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин (соли 2014) пешбинӣ гардидаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати назорат ба рафти амалишавии созишномаҳои басташуда, иҷрои лоиҳаҳои муштарак ва коркарди самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология гурӯҳи кории доимоамалкунанда  таъсис диҳанд.

Тарафҳо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин дар соҳаи илм, технология ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, роҳҳои ҳамкории минбаъдаро дар чаҳорчӯбаи минтақаи иқтисодии Роҳи Бузурги Абрешим муайян карданд.

Санаи 10 марти соли 2016 ҳайати намояндагӣ барои идомаи гуфтугузорҳо бо воҳидҳои дахлдори Вазорати илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин ба шаҳри Урумчӣ сафар намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...