Толибилмон дар канораи пойтахт махфигоҳи силоҳ дарёфтанд

ASIA-Plus



Барои зоҳир намудани зиракиву ҳушёрӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва кӯмак расонидан барои дарёфти силоҳу аслиҳа ба ноболиғон Муҳаммадазими Муҳаммадалӣ, хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №59-и деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Амиршоҳ Нодиров, хонандаи синфи 5-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ аз номи вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори сипос ва ба ҳар кадоми онҳо тӯҳфаҳои қимматнок «Ноутбук»

супурда шуд

. Волидони онҳо бо ифтихорномахои Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 6-уми марти соли 2016 ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғони зикргардида

оиди дарёфт намудани махфигоҳ

бо 3-адад гранатамёт ва дигар лавозимоти ҷангӣ дар обанбори маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар расониданд.

Гуфта мешавад, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии ВКД  ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронида, силоҳи дарёфтшударо мусодира намуданд. Ҳангоми идома додани амалиёти тозакунӣ аз тарафи гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ, инчунин 1-адад АКМ, 1-адад норинҷаки дастӣ, маводҳои тарканда ва тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин ба Фарзонаи Қурбон, соли таваллудаш 2003, хонандаи синфи 6-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №55-и деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат низ ноутбук тақдим кард. Санаи 7-уми марти соли равон Фарзонаи Қурбон

оиди дарёфти силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар марғзор

ба падараш – полковники милитсия хабар дод. Волидони Фарзона низ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...