Ба вохӯрии маъмулии президент бо зиёиён адибони хориҷӣ низ даъват мешаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 март, қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз таври маъмулӣ бо аҳли зиёи кишвар ҳамасола вохӯрда, мулоқот мекунад ва имсол ин вохӯрӣ дар Кохи Борбад баргузор мешавад. Ҳадаф аз мулоқоти сарвари давлат бо аҳли зиёиён баррасии мушкилоти рӯзмарраву муҳим, пешниҳодҳои тоза, фаъолият дар бахши илму фарҳанг ва адабиёт унвон мешавад, вале […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 март, қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз таври маъмулӣ бо аҳли зиёи кишвар ҳамасола вохӯрда, мулоқот мекунад ва имсол ин вохӯрӣ дар Кохи Борбад баргузор мешавад.

Ҳадаф аз мулоқоти сарвари давлат бо аҳли зиёиён баррасии мушкилоти рӯзмарраву муҳим, пешниҳодҳои тоза, фаъолият дар бахши илму фарҳанг ва адабиёт унвон мешавад, вале таҷриба нишон медиҳад ва ВАО ҳам дар ин хусус борҳо навиштанд, ки дар вохӯрии президент бо намояндагони зиёиён пешниҳоди созанда қариб садо намедиҳанд.

Ба вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон имсол иштирокчиёни Ҳамоиши байнулмилалии адибони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз низ даъват шудаанд, ки аз 18 то 24 март дар Душанбе доир мегардад. Аз иштироки 60 нафар шоирон аз 20 кишвари ҷаҳон дар ин Ҳамоиш интизорӣ рафта, онҳо аз шаҳрҳои бузургу таърихӣ боздид ва бо мардум суҳбату вохӯриҳо баргузор мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки шоираи тоҷик Гулрухсор Сафиева 19 марти соли гузашта зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон бо намояндлагони зиёиён аз робитаи ногусастании назми тоҷик бо иди Наврӯзи қадимӣ ёдовар шуда, пешниҳод намуда буд, ки ҳамасола лдар Тоҷикистон Ҳамоиши байнулмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз гузаронида шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.