Шоҳҷоизаи аспи роҳбари «Вавилон» дар пойгаи наврӯзӣ

Аспи мутааллиқ ба Беҳзод Файзуллоев, роҳбари ширкати мобилии «Вавилон» бо лақаби «Варс» дар пойгаи аспдавонӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз дар маҷмааи «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор шуд, ғолибият ба даст овард. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, масофаи пойгаи аспдавонӣ 2 ҳазору 200 метрро ташкил дода, дар он 80 асп аз шаҳри Душанбе […]



Аспи мутааллиқ ба Беҳзод Файзуллоев, роҳбари ширкати мобилии «Вавилон» бо лақаби «Варс» дар пойгаи аспдавонӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз дар маҷмааи «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор шуд, ғолибият ба даст овард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, масофаи пойгаи аспдавонӣ 2 ҳазору 200 метрро ташкил дода, дар он 80 асп аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Нуробод, Ховалинг, Балҷувон ва ғайра рақобат кардаанд.

Ғолиби пойга, соҳиби аспи «Варс» – Беҳзод Файзуллоев ба сифати шоҳҷоиза бо аспи сафеди зоти тоҷикӣ сарфароз гардонида шудааст.

Қобили зикр аст, ки аспи «Варс» 9-сола буда, дар чунин мусобиқаҳо бори дуюм иштирок мекунад. Қаблан ин асп дар пойгаи аспдавонии соли 2013 низ ғолиб омада буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.