Ҳузури президент дар «Корвони Наврӯзӣ»-и Суғд

ASIA-Plus



Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Авестои шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои идонаи “Корвони Наврӯзӣ” ва “Сайри гули лола”

иштирок

ва

суханронӣ

кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои истиқболу мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории ин чорабинии бошукуҳ, ки ба таври идона оро дода шудааст, зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд.

Нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни базми бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии баҳори фархундапай ва наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуд.

Сарвари давлат бо ёдаварӣ аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ таъкид дошт, ки «Дар рӯзи шашуми Наврӯз, ки онро гузаштагони мо «Наврӯзи бузург» унвон намудаанд, мардум маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодиву хурсандӣ мекарданд, зеро ба эътиқоди ниёгони мо рӯзи шашуми таҷлили Наврӯз рӯзи тақсими саодат ва хушбахтӣ будааст ва ба ин хотир одамон ҳама якҷо ба наврӯзгоҳҳо баромада, бо номи “Корвони наврӯзӣ” ҷашне меоростаанд, то тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад».

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон “Эҳёи ин суннати арзишманд аз ҷониби сокинони вилояти Суғд баёнгари ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни миллии мо буда, дар рӯзи Наврӯз иқдоми воқеан нек ба шумор меравад”.

Сипас баъди анҷоми суханронии пурмӯҳтавои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини фарҳангӣ оғоз гардида, баҳиягарони барномаи идонаи наврӯзӣ маҳалли баргузории тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашн, расму анъана ва суннатҳои наврӯзӣ оро доданд. Барномаи фарҳангии “Корвони Наврӯзӣ” бо садои карнаю сурнай, бо намоиши театрикунонидашудаи «Наврӯз муборак» ҷараён гирифт. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.