Парлумон шартнома бо Покистон дар бораи истирдодро тасдиқ мекунад

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи тасдиқи шартнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон дар бораи истирдод баррасӣ мешавад. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи фаъолияти корӣ […]



Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи тасдиқи шартнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон дар бораи истирдод баррасӣ мешавад.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Қазоқистон кор мекунанд ва фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Қазоқистон, ки муваққатан дар қаламрави Тоҷикистон кор мекунанд, низ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ин созишнома 4 майи соли 2006 ба имзо расида буд.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, дар ҷаласаи мазкур масоили ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои кишвар «Дар бораи молияи давлатии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи тартиб ва шароитҳои дар ҳабс нигаҳдории гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон» низ баррасӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.