Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Оренбург

Губернатори вилояти Оренбурги Русия Юрий Берг ахири ҳафтаи сипаришуда бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитариро баррасӣ карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумаи вилояти Оренбург, Юрий Берг изҳор доштааст, ки дар қаламрави вилоят беш аз 4 ҳазор нафар тоҷикони этникӣ кору иқомат дошта, […]



Губернатори вилояти Оренбурги Русия Юрий Берг ахири ҳафтаи сипаришуда бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитариро баррасӣ карданд.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти ҳукумаи вилояти Оренбург, Юрий Берг изҳор доштааст, ки дар қаламрави вилоят беш аз 4 ҳазор нафар тоҷикони этникӣ кору иқомат дошта, дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодии минтақа фаъолона саҳмгузоранд.

«Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба лоиҳаҳои оянда, аз ҷумла  доир ба масоили табодули донишҷӯён ва амалисозии барномаҳои муштарак барои ҷавонон як қатор тавофуқот ҳосил шуд», – гуфтааст ӯ.

Гуфта мешавад, Имомуддин Сатторов ҳамчунин дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Наврӯз, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Автономияи минтақавии тоҷикии миллӣ-фарҳангӣ» бо дастгирии ҳукумати вилоят барпо шудааст, низ ширкат варзидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.