БОР ба Тоҷикистон гузариш ба модели нави рушдро тавсия медиҳад

ASIA-Plus

Иқтисодчиёни Бонки осиёгии рушд (БОР) зарурати гузариши Тоҷикистон ба модели нави рушдро қайд мекунанд. Дар «Гузориши рушди Осиё-2016», ки рӯзи 30 март аз ҷониби БОР дар Душанбе муаррифӣ шуд, доир ба идомаи осебпазирии ҷумҳурӣ ба хатарҳо маълумот дода шуда, аз поинравии рушди иқтисоди Русия ва мутаносибан коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирон, ҳамчунин […]



Иқтисодчиёни Бонки осиёгии рушд (БОР) зарурати гузариши Тоҷикистон ба модели нави рушдро қайд мекунанд.

Дар «Гузориши рушди Осиё-2016», ки рӯзи 30 март аз ҷониби БОР дар Душанбе муаррифӣ шуд, доир ба идомаи осебпазирии ҷумҳурӣ ба хатарҳо маълумот дода шуда, аз поинравии рушди иқтисоди Русия ва мутаносибан коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирон, ҳамчунин бозгашти қисмате аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан сухан меравад.

Коршиносони БОР таъкид месозанд, ки Тоҷикистон бояд аз модели «истеъмоле, ки бо интиқолҳои пулӣ таъмин мешаванд», ба модели рушди «истеъмоли дохилӣ ва содирот» гузарад.  Онҳо ҳамчунин баргузории ислоҳот баҳри эҳё ва рушди заминаи саноатии кишвар ва афзоиши ба шуғл фаро гирифтани аҳолиро низ тавсия медиҳанд.

Дар гузориш роҳандозии тадбирҳои кӯтоҳмуҳлат, аз ҷумла қабули қарорҳои бештар устувор ва шаффоф барои ҳавасмандсозии сармоягузорӣ, кам кардани санҷишҳои ногаҳонӣ  дар тиҷорат, маҳдуд кардани талабҳои пешпардохтҳои андозӣ, ба тартиб даровардани ҷараёни дастрас кардани иҷозатномаҳо барои сохтмон ва соддатар кардани қоидаҳои сертификаткунонии сифати маҳсулотро пешниҳод мекунанд.

Чунин амалҳои миёнамуҳлат тавсия дода мешавад: ҳавасмандкунии сармоягузориҳои хусусӣ, рушди долони иқтисодӣ, беҳбуди шароитҳои ҳамлу нақл (боркашонӣ), ислоҳот баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ҷиҳати таҳкими рушди имконпазир, сармоягузориҳои муттаҳида (кластерӣ) ба бахшҳои энергетика, технологияҳои иттилоотиву компютерӣ ва зербинои шаҳрӣ.

Қобили зикр аст, ки коршиносони БОР рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 3,8% ва то 4,0% дар соли 2017

пешгӯӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.