Раъйпурсии машваратӣ дар Нидерланд оид ба тасдиқи Созишнома дар бораи ҳамгироӣ (ассотсиатсия) миёни Иттиҳоди Аврупо ва Украина баргузоргардида эътироф шуда, иштирокчиёни раъйпурсӣ мухолифи тасдиқи ин санад овоз доданд.
Бино ба иттилои агентии BNO News бо такя ба натиҷаҳои ҳисобу китобу овозҳо дар ҳамаи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (мунитсипалитетҳо), 38,1%-и овоздиҳандагон ба ҷонибдории тасдиқи созишнома ва 61,1% мухолифи он раъй додаанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои ҳисобу китоби варақаҳои овоздиҳӣ дар тамоми мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, сатҳи ҳузури раъйдодагон 32,2%-ро ташкил додааст, ки аз 30%-и зарурӣ барои ҳаққонӣ шумурдани раъйпурсӣ бештар аст.
Зимнан зикр мегардад, ки эълони натиҷаҳои ниҳоии раъйдиҳӣ 12 апрел дар назар аст.





