Парлумон ҷашни нав дар ҷумҳуриро эълон мекунад

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» дар назар аст. Мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр Рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад. Ҷашни мазкур аз иҷлосияи таърихии […]



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» дар назар аст.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр Рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.

Ҷашни мазкур аз иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар вилояти Суғд ба кор шурӯъ кардаву дар он рӯзи 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмон раиси парлумон ва сарвари давлат интихоб шуда буд, сарчашма мегирад.

Бино ба иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов, имрӯз вакилони мардумӣ ҳамчунин масъалаҳои тасдиқи Шартномаи консессияи Маркази барқу гармидиҳии «Шӯроб» миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech International SDN BND», Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи идоракунии воситаҳои Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз 9 июни соли 2009-ро низ баррасӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.