Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки санаи 14 апрел доир гардид, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳо дастур додааст, ки шурӯъ аз 20 апрел то 31 август ҳамарӯза ҷараёни омодагии шаҳр ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатиии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт иттилоъ дод, дар ин робита М.Убайдуллоев ба муовинони худ супориш додааст, ки дар ин муддат ҳар ҳафта рафти омодагии шаҳр ба ҷашни асосии ҷумҳуриро назорат кунанд. «Худи раиси шаҳр ҳар моҳ ду маротиба шахсан омодагӣ ба ҷашни истиқлолиятро месанҷад», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки санҷишҳои ҷараёни омодагии шаҳри Душанбе ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолият аз ҷониби комиссияҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи пойтахт низ сурат мегирад.





