Ҷаласаи сеюми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон соати 11-00-и санаи 5 май дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ мекунад.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи сеюми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум тасдиқи фармонҳои қабалн содиршудаи президенти ҷумҳурӣ дар назар аст.



