Дидори Ш.Зуҳуров бо раиси парлумони Қазоқистон

Дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси парлумони  Қазоқистон Бактикожа Измухамбетов бо хоҳиши ӯ дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоми арсаҳо баррасӣ шуда, омодагии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои судманд бо Қазоқистон […]



Дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси парлумони  Қазоқистон Бактикожа Измухамбетов бо хоҳиши ӯ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоми арсаҳо баррасӣ шуда, омодагии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои судманд бо Қазоқистон дар риштаи маъданҳои кӯҳӣ, металургияи ранга, энергетика ва коммуникатсия изҳор шуд.

Истифода аз таҷрибаи қонунофарии ду кишвар аз мавзуъҳои дигари мулоқот буда, таъкид гардид, ки парлумонҳои ду кишвари мустақили Тоҷикистону Қазоқистон дар тӯли 25 соли истиқлолияти худ ба таҷрибаи бисёр нодир даст ёфтаанд ва истифода аз ин таҷрибаҳо ба нафъи парлумонҳои Душанбе ва Остона мебошад.

Раиси парлумони Қазоқистон дар навбати худ изҳор дошт, ки кишвараш Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дӯстони асосӣ ва муҳимтарин шарики худ дар минтақа медонад ва барои таҳкими муносибот бо ин кишвар аз тамоми фурсатҳо истифода хоҳад кард. «Тоҷикистон дар Осиёи Маркази яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки бо Қазоқистон хеле дустии самимию холисона дорад ва мо ин нуқтаро хеле қадрдони менамоем», иброз дошт Бактикожа Измухамбетов.

Дар мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба вазъи ҷаҳон ва минтақа, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, масъала доир ба такмили фаъолияти дуҷонибаи Фонди сармоягузории мустақим, таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар бахши маълумоти олӣ ва мавзӯи квотаҳои ҳарсола барои ҷавонони кишвари мо ибрози назар карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.