Намоишгоҳи маҳсулоти Покистон ва фестивали «Манго» дар Душанбе (АКСҲО)

Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе имрӯз, 24 май намоишгоҳи дурӯзаи маҳсулоти Покистон ба кор шурӯъ кард. Ин чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Покистон дар Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва санаоти ҶТ дар доираи сафари ҳайати сершумори соҳибкорону тоҷирони ин кишвар таҳти унвони «Корвони тиҷоратии Покистон» ташкил шудааст. Дар намоишгоҳ маҳсулоти […]


Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе имрӯз, 24 май намоишгоҳи дурӯзаи маҳсулоти Покистон ба кор шурӯъ кард.

Ин чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Покистон дар Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва санаоти ҶТ дар доираи сафари ҳайати сершумори соҳибкорону тоҷирони ин кишвар таҳти унвони «Корвони тиҷоратии Покистон» ташкил шудааст.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои соҳаҳои саноати сабук, истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмон, доруворӣ, сарулибосу таҷҳизоти варзишӣ ва дигар маҳсулоти Покистон ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Дар доираи ин чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» ҳамчунин бахшида ба «шоҳи меваҳо»-и Покистон фестивали «Манго» низ гузаронида мешавад, ки дар ин ҷо метавон ин меваи тропикиро дастрас карда, дар бораи он маълумот пайдо намуд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Манзура Рустамова изҳор намуд, ки тайи солҳои ахир Покистон ҳаҷми савдо бо Тоҷикистонро тавсеъа бахшида, он ба афзоиши ҳаҷми муомилоти дуҷониба мусоидат кард ва агар соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Покистон ҳамагӣ 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, аллакай соли 2014 ҳаҷми он то ба 89 млн. доллари ИМА расид.

Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро тавсияи раҳбарияти кишварҳо дар бораи солҳои наздик то ба 500 млн. доллари ИМА расонидани ҳаҷми муомилоти молиро хотиррасон намуда, зикр кард, ки ноил гардидан ба ин нишондиҳандаҳо дар ояндаи наздик комилан имконпазир аст ва барои муваффақ гардидан ба ин мақсад имконоти бузурги мавҷударо истифода мебояд кард.

Дар ҳамин ҳол, пагоҳ, 25 май дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» дар доираи ин чорабинӣ форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Покистон доир гардида, ҳамчунин намоиши барномаи фарҳангӣ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.