Роҳбари ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов маълумоти васоити ахбори умуми Русияро дар бораи гӯё аз ҷониби ӯ дар Тоҷикистон пешгӯӣ шудани ҷанги шаҳрвандиро рад мекунад.
«Нофаҳмӣ ва носаҳеҳ пешниҳод шудани посухҳои ман ба саволҳои журналисти «Национальная служба новостей» дар мусоҳиба оид ба раъйпурсӣ ва минбаъд интишори он дар саҳфаҳои матбуоту шабакаи интернет ривоятеро дар бораи мавҷудияти хатари ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон эҷод мекунанд», – қайд мешавад дар
раддияи ӯ
дар сомонаи ҳаракат.
Ба гуфтаи Шарипов, вақте ӯ гуфтааст, «то замоне, ки одамон дар сайёра зиндагӣ доранд, аз ҷанг ҷойи гурез нест, ин ба тамоми мардуми ИДМ дахл дорад», ӯ «воқеъан суханҳои Попи Рум Франсискро такрор кардааст, ки дар арафаи ҷашни Мавлуди Исо (Рождество) гуфтааст, «тамоми ҷаҳон дар ҳолати ҷанг қарор дорад».
Шарипов бар ин назар аст, ки «барои сӯхтори бузург имрӯз танҳо як шарораи хурдакаке намерасад. «Мардумро гумроҳ кардан лозим нест, чуноне ки роҳбарони ИДМ Акаев, Боқиев, Янукович карданд, ки мардуми худро партофта, ба дигар кишварҳо фирор карданд. Охир барои онҳо ҳам овоз дода буданд, раъйпурсӣ гузарониданд», – мегӯяд Шарипов.
«Сарони кишварҳо набояд нақши пайғамбаронро ба уҳда гиранд. Онҳо бояд ба ҳамду санохонӣ нисбати худ роҳ надиҳанд ва аз минбари шуҳрат поин омада, аз мушкилоти мардуми оддӣ огоҳ бошанд», – таъкид месозхад ӯ дар раддияи худ.
Қобили зикр аст, ки қаблан ВАО-и Русия
иттилоъ дода буданд
, ки гӯё дар мусоҳиба ба «Национальная служба новостей» Каромат Шарипов гуфтааст, дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ ва ҷанги шахрвандӣ имкон дорад.
Шарипов ҳамчунин гӯё президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро низ танқид карда будааст. «Ӯ аз мушкилоти воқеъии кишвар огаҳӣ надорад, ба мо бисёр муроҷиат мекунанд, одамон кумак дархост мекунанд», – қайд кардааст Шарипов. «Ҷанг ҳоло дар пеш аст», – афзудааст роҳбари ҳаракат.
Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи «Национальная служба новостей» аз мусоҳибаи Каромат Шарипов
маълумоти
начандон зиёде боқӣ мондааст, ки дар он ӯ натиҷаҳои раъйпурсии санаи 22 майро шарҳ медиҳад.
«Аз куҷо 94,5%? Ҳамин гуна ба қитъаҳои интихоботӣ панҷ нафар омада метавонистанд, ки чор нафарашон тарафдору як нафар муқобил. Ба вазъ воқеъбинона мебояд баҳогузорӣ кард. Чунин спектаклҳо барпо кардан чӣ лозим аст, агар ду миллион нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд?! Ман дар сафорат будам, ба раъйдиҳӣ 300-400 нафар омада буданд. Танҳо дар Маскав 300 ҳазор зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ ва таҳсил мекунанд. Ҳар дуюм ҷавони синни 18-сола мукими Русия аст», – гуфтааст Шарипов.



