Даъвати раиси Кумитаи занон ба худдорӣ аз сарулибоси бегона

Дар машварати навбатии рӯзи 24 май раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимзода аз занони ҷумҳурӣ даъват кард, ки аз пӯшидани сарулибоси барои тоҷикон бегона худдорӣ варзида, сарулибоси занонаи миллиро тарғиб намоянд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи мазкур, дар машварат намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии […]



Дар машварати навбатии рӯзи 24 май раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимзода аз занони ҷумҳурӣ даъват кард, ки аз пӯшидани сарулибоси барои тоҷикон бегона худдорӣ варзида, сарулибоси занонаи миллиро тарғиб намоянд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи мазкур, дар машварат намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муовинони раиси шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарони корхонаҳо, бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Раиси Кумита ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои фурӯши маводҳои тарғибкунанда ба фарҳанги бегона таъкидҳо намуда, аз ҳозирини машварат  даъват ба амал овард, ки ба либоспӯшии кормандон ҳангоми ҳозиршавӣ ба ҷои кор, алалхусус ба пешгирии пӯшидани сару либоси бегона аз ҷониби занону духтарон назоратро пурзӯр намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.