Таъкиди Қоҳир Расулзода ба тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи алоқа

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 24 май бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа мулоқот кард. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», бо таъкиди муҳимияти нақшаю барномаҳо ва тадбирҳои амалинамудаи ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи алоқа, ӯ изҳор дошт, ки мақоми  Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар шароити ниҳоят мураккаби авзои ҷаҳон, хусусан дар […]

АМИТ «Ховар»



Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 24 май бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа мулоқот кард.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», бо таъкиди муҳимияти нақшаю барномаҳо ва тадбирҳои амалинамудаи ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи алоқа, ӯ изҳор дошт, ки мақоми  Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар шароити ниҳоят мураккаби авзои ҷаҳон, хусусан дар шароите, ки ҷиноятҳои марбут ба алоқа ва интернет афзоиш меёбанд, бояд боз ҳам баланд бардошта шуда, робитаю ҳамкории соҳавӣ тақвият бахшида шаванд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот доир ба тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи алоқаву технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ ва фаъолгардонии кори Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа табодули афкори судманд баргузор шуд.

Зимна таъкид мешавад, ки қарорҳои Шўрои роҳбарони сохторҳои алоқаи кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, ки ин навбат дар шаҳри Душанбе доир мегардад, дар оянда ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва пешрафти ин соҳаи муҳим дар кишварҳои аъзои Иттиҳод мусоидат менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.