Боздошти ғоратгарони пойафзол ва телефони кӯҳна



Кормандони милитсия марди 21-сола, донишҷӯи курси 2-юми яке аз Донишкадаҳои пойтахт ва ноболиғи 15-сола, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, ҳарду сокинони ш.Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурдаҳо рӯзи 24 май бо тариқи зӯроварӣ аз ноболиғ, ҷавони 15-солаи сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, як ҷуфт пойафзол, ки арзишаш 170-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф  намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз шахсони номаълуми ниқобпӯш ғайриқонунӣ вориди анборхонаи доруҳои минералии хоҷагии ба номи Ниёзмаҳмад Бегови ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ шуда, посбони амборхонаи мазкур, марди 65-солаи сокини ҳамин ноҳияро зери лату кӯб қарор дода, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Нокия”, ки арзишаш 80-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда  аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ду марди 26 ва 36-солаи сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои мазкур парвнадаи ҷиноӣ боз шуд, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное