Гуфтугӯи телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон

Шоми рӯзи 26 май Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Казоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугӯи телефонӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, суҳбати телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифта, зимни он роҳбари Ҷумҳурии Казоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик […]



Шоми рӯзи 26 май Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Казоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугӯи телефонӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, суҳбати телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифта, зимни он роҳбари Ҷумҳурии Казоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва хоҳони рушду шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон гардид.

Гуфта мешавад, ҳамчунин сарони ду кишвари дӯст оид ба масъалаҳои амнияту суботи минтақавӣ табодули афкор карда, масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.