Барои талоши пайвастан ба сафҳои ДИ бобову набера12 солӣ зиндонӣ шуданд



Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов Ишмурод Қушмуратови 64-сола ва набераи ӯ Акбар Қушмуратови 19-сола ва ҳамчунин ҳамдиёри онҳо Орифҷон Орифҷонов барои талоши пайвастан ба сафҳои созмони терростии «Давлати исломӣ» (ДИ) ҳар кадоме ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд.

Бино ба маълумоти суди мазкур, Мамадқул Қушмуратов, писари И.Қушмуратов дар сафҳои Давлати исломӣ дар Сурия меҷангидааст ва моҳи августи соли гузашта дар яке аз даргириҳо кушта мешавад.

И.Қушмуратов аз марги писараш огоҳ шуда, набераи худ Акбар ва ҳамдиёраш Орифҷонро розӣ мекунонад, ки бо ӯ ба Сурия рафта, ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломӣ ҳамроҳ шаванд.

Моҳи октябри соли гузашта шахсони зикршуда тариқи хатсайри ҳавоии Маскав – Истамбул ба Туркия раҳсипор гардида, санаи 10 октябри соли 2015 зимни кӯшиши убури ғайриқонунии марз бо Сурия аз ҷониби кормандони хадамоти махсуси Туркия боздошт мешаванд. Баъдан Туркия боздоштшудагонро ба ихтиёри Тоҷикистон супурд.

spot_imgspot_img

Популярное