Тасдиқи расмии номзадии Трамп ба мансаби президенти ИМА



Вакилони анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳон ба пешбарии миллиардер Доналд Трамп ба сифати номзад ба мансаби раисҷумҳурӣ ИМА аз ин ҳизб раъй доданд. Аввали маъракаи интихобот аксари коршиносон базудӣ ноком шудани ӯро дар масъалаи пешбарӣ аз ин ҳизб пешгӯӣ карда буданд.

Хабаргузории РБК бо истинод ба Reuters дар ин робита

менависад

, ҳамин тариқ Доналд Трамп ҳамчун номзад ба мансаби президенти ИМА расман тасдиқ шуда, аз 2472 вакилони анҷуман 1725 вакилон номзадии Трампро ба ин мансаб ҷонибдорӣ намудаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумори овозҳои зарурӣ 1237 раъйро ташкил медиҳад.

Санаи 15 июл Трамп губернатори штати Индиана Майкл Пенсро номзади худ ба вазифаи ноиби президент эълон карда, дар анҷуман номзадии ӯ низ тасдиқ шуд.

Маъракаи пешазинтихоботӣ  дар ИМА санаи 8 ноябр бо раъйдиҳии умумӣ ба итмом мерасад. Дар ин маърака Доналд Трамп бо намояндаи Ҳизби демократӣ Ҳилларӣ Клинтон рақобат мекунад, ки ӯ низ аз рӯи натиҷаҳои интихоботи дохилиҳизбӣ бидуни рақиб аз демократҳо боқӣ монд. Баргузории анҷумани Ҳизби демократии ИМА рӯзҳои 25-28 июл дар Филаделфия дар назар аст.

Тибқи маълумоти назарсанҷиҳои гуногун, ки Real Clear Politics доир мекунад, айни замон 43,8% интихобкунандагон ба ҷонибдории Ҳилларӣ Клинтон ва 41,1% амрикоиҳо ба тарафдории Доналд Трамп овоз доданианд.

spot_imgspot_img

Популярное