Эмомалӣ Раҳмон ба сабти ҳамаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дастур дод

Date:

Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он, Вазорати нақлиёт якҷо бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷиҳати дар давоми се моҳ пас аз қабули қарори мазкур ба сабти расмии ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо), ки дар қаламрави кишвар истифода мешаванд, уҳдадор шуданд.

Додани иҷозатнома ва бақайдгирии ҳавопаймоҳои бесарнишинро вазоратҳои мазкур дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) амалӣ месозанд.

Воридот, содирот ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар қаламрави ҷумҳурӣ минбаъд танҳо бар асоси иҷозатномаи махсус сурат мегирад, ки дар мувофиқа бо КДАМ дода мешавад.

Қаблан дар КДАМ дар ин робита изҳор намуда буданд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин, аз ҷумла барои наворбардории видеоӣ таъиншуда метавонанд ба амнияти кишвар хавфу хатар эҷод намоянд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии кишварро тасдиқ намуданд, ки мутобиқи он ба истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар фазои ҳавоии кишвар маҳдудият ҷорӣ шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба масъалаи мазкур муовини аввали Раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров изҳор намуд, ки ин тағйирот пеш аз ҳама ба роҳ надодани ҳаракати дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин аз ҷониби созмону ҳаракатҳои террористӣ нигаронида шудааст.

«Минбаъд танҳо ҳукумат муайян мекунад, ки парвози ин гуна дастгоҳҳо дар фазои ҳавоии кишвари мо барои кӣ иҷозат дода мешаваду барои кӣ манъ аст», – гуфт М.Умаров.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...