Ҳукумати Ӯзбекистон роҷеъ ба ниҳоят бад шудани вазъи Ислом Каримов хабар дод

Date:

Нашрияҳои Ӯзбекистон дар бораи вазъи президенти кишвар Ислом Каримов маълумот интишор намуданд. Дар он қайд мешавад, ки тайи рӯзҳои ахир вазъи президенти кишвар хеле бад шудааст.

Бино ба маълумоти ВАО, вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят вахим шудааст. Ин маълумотро Девони вазирони кишвар дар нашрияҳои маҳаллӣ интишор намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Бо тассуфи зиёд хабар медиҳем, ки шабонарӯзи гузашта вазъи солимии президент ниҳоят бад шуда, ба андешаи табибон, он ҳамчун буҳронӣ арзёбӣ мешавад», – қайд мешавад дар маълумот.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин маълумот Девони вазирони Ӯзбекистон ҳамчунин тасдиқ кардааст, ки Ислом Каримов сактаи майнаи сар (инсулт)-ро аз сар гузаронидааст.

Маълумотҳо доир ба бистарӣ шудани Ислом Каримов рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда, 28 август интишор шуданд. Рӯзи дигар духтари хурдии ӯ ЛолаКаримова – Тиллоева хабар дод, ки президенти Ӯзбекистон сактаи майнаи сарро аз сар гузаронида, дар бемориситон бистарӣ шуд ва дар ҳолат вазнин қарор дорад.

Рӯзи 31 август маълум шуд, ки табибони Пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии мағзи сар ва асаб (нейрохиругия)-и ба номи Бурденко дар Ӯзбекистон қарор доранд ва ба муолиҷаи сарвари давлати ин кишвар машғуланд.

Хабаргузории «Фергана» ҳанӯз 29 август иттилоъ дода буд, ки Ислом Каримов аз олам даргузашт, аммо ин маълумот худи ҳамон рӯз рад карда шуд. Манбаъҳои «Интерфакс» ва «РИА Новости» дар ҳукумат ва дастгоҳи президенти Ӯзбекистон хабар доданд, ки Каримов зинда ва дар бемористон дар ҳолати устувори вазнин қарор дорад. Дар Кремл ҳам иттилоъ доданд, ки дар бораи тасдиқи марги Каримов ба онҳо маълумот нарасидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...