Раҳоии наздикони Муҳиддин Кабирӣ пас аз як соли зиндон

Се тан аз наздикону пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз анҷоми муҳлати муқарраршудаи ҷазо аз зиндон раҳо шуданд. «Пас аз як соли адои ҷазо Ҷамшед Нарзуллоев, писараммаи Муҳиддин Кабирӣ, мудири ширкати "Бинокор-Сервис"; Маҳмадалӣ Раҳматуллоев,  бародари ҳамсари ӯ, сардори шӯъбаи кадрҳои "Бинокор-Сервис" ва Ҳикматулло Сайфов, ронанда ва хеши […]

Asia-Plus

Се тан аз наздикону пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз анҷоми муҳлати муқарраршудаи ҷазо аз зиндон раҳо шуданд.

«Пас аз як соли адои ҷазо Ҷамшед Нарзуллоев, писараммаи Муҳиддин Кабирӣ, мудири ширкати "Бинокор-Сервис"; Маҳмадалӣ Раҳматуллоев,  бародари ҳамсари ӯ, сардори шӯъбаи кадрҳои "Бинокор-Сервис" ва Ҳикматулло Сайфов, ронанда ва хеши ҳамсари Кабирӣ аз маҳбас озод шудаанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба озодшудагон.

Ёдрас мекунем, ки Нарзуллоев, Раҳматуллоев ва Файзовро кормандони хадамоти махсуси Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 ба гумони даст доштан дар ҳамкорӣ бо писари Кабирӣ боздошт намуда буданд. Раиси ҲНИТ ба интиқоли пул ба воситаи писараш ба Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, ки 4 сентябри соли 2015 ба кӯшиши табаддулот даст зада буд, айбдор карда мешавад.

Пайвандону наздикони Кабирӣ ба огоҳ накардан аз ҷиноят гунаҳкор эътироф гардида, ҳар кадоме ба 1 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Худи Кабирӣ айни замон бо дархости Тоҷикистон тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Охири моҳи сентябри соли гузашта Суди олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ ва ифротгаро эълон намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кард. Аъзои Шӯрои олии сиёсии ҳизб ба ҳабси абад ва муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд. Ҳуқуқшинос ва мушовири раиси ҲНИТ, ягона зан миёни онҳо Зарафо Раҳмонӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шуда, санаи 5 сентябр мавриди авф қарор гирифт ва ба озодӣ баромад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.