Соли гузашта даромади ширкати «Тоҷик Эйр» 13% афзуд

Соли 2016 ҳаҷми даромади умумии ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  нисбат ба соли пешин 13% афзудааст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти «Тоҷик Эйр», маҷмӯи даромади ширкат дар соли гузашта 461,5 млн. сомонӣ ва маҷмӯи хароҷот – 459,6 млн. сомониро ташкил додааст. Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» соли гузашта 475 тобут ва 192 нафар шахсони ихроҷшударо […]

Соли 2016 ҳаҷми даромади умумии ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  нисбат ба соли пешин 13% афзудааст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти «Тоҷик Эйр», маҷмӯи даромади ширкат дар соли гузашта 461,5 млн. сомонӣ ва маҷмӯи хароҷот – 459,6 млн. сомониро ташкил додааст. Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» соли гузашта 475 тобут ва 192 нафар шахсони ихроҷшударо аз Русия ба Тоҷикистон овардааст.

Гуфта мешавад, соли гузашта ширкат ба 325 ҳазору 341 нафар мусофирон хизматгузорӣ кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2015 ба миқдори 12 ҳазор нафар бештар аст.

Зикр мегардад, ки аз 2 ҳазору 802 парвозҳои иҷрошуда дар 674-тоаш мавқуфгузории парвозҳо рух дода, сабаби асосии ба таъхир гузоштани парвозҳо мушкилоти номусоидии обуҳаво, ҳолатҳои сабти мусофирону бағоч, иҷрои кор дар фурудгоҳҳо, санҷишҳои давлатӣ, назорати марзӣ ва вазъи техникии ҳавопаймоҳо мебошанд.

Қайд мешавад, ки ширкат дорои 36 ҳавопаймо буда, 5-тоаш мавриди истифода қарор дорад. Бо мақсади навсозии парки ҳавопаймоҳо, раҳбарияти ширкат баҳри харидории ҳавопаймоҳои насли нав кӯшиш ба харҷ дода, аллакай бар асоси лизинг аз ҳавопаймои Boeing 767–300 истифода мекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.