Имзои созишнома оид ба ҳалли низои Сурия миёни Русия, Туркия ва Эрон

Русия, Туркия ва Эрон дар робита ба ҳалли низои Сурия созишномаро ба имзо расонданд. Ин санад самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаи се кишварро дар доираи ҳалли осоиштаи низои Сурия муайян хоҳад кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Русия Владимир Путин 22 ноябр, баъди анҷоми саммити сеҷониба дар шаҳри Сочӣ гуфт, раҳбарони се […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Русия, Туркия ва Эрон дар робита ба ҳалли низои Сурия созишномаро ба имзо расонданд. Ин санад самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаи се кишварро дар доираи ҳалли осоиштаи низои Сурия муайян хоҳад кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Русия Владимир Путин 22 ноябр, баъди анҷоми саммити сеҷониба дар шаҳри Сочӣ гуфт, раҳбарони се кишвар ба ниҳодҳои дипломатӣ, амният ва дифои худ дастур доданд, ки болои созмони Конгресси мардуми Сурия кор кунанд.

Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ гуфт, ки ин конгресс ба таҳияи конститутсияи нави Сурия мусоидат хоҳад кард. Интизор меравад, дар асоси он дар ин кишвар интихобот баргузор шавад.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон афзуд, ки бояд дастрасии мунтазами шаҳрвандони Сурия ба кумакҳои башардӯстона фароҳам карда шавад.

Русия аз охирҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Сурия амалиёти низомӣ мегузаронад. Ҳадафи расмии он мубориза бо терроризм аст. Ба иттилои Reuters, тайи 11 моҳи соли равон дар Сурия 40 сарбоз ва мутахассиси низомии рус кушта шудаанд. Путин пеш аз мулоқот бо ҳамтоёни эрониву туркаш гуфт, ки рӯзҳои наздик амалиёти низомии кишвараш дар Сурия ба поён расида, "равандҳои сиёсӣ" оғоз хоҳанд шуд.

Кишварҳои Ғарб борҳо Кремлро айбдор карданд, ки амалиёти низомии Русия ба ҳимоят аз режими Башор Асад ва мубориза бо мухолифони ӯ равона шуда, дар натиҷаи бомбаафканиҳои Димишқу Москва сокинони осоишта ҷон медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.