Пешниҳоди тасдиқи созишномаҳои бо Ӯзбекистон баимзорасида ба парлумон

Date:

Палатаи поёнии парлумон ният дорад, ки Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди кишварҳо дар сатҳи олӣ санаи 9 марти соли равон дар Душанбе ба имзо расида буд, тасдиқ намояд.

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки пагоҳ, 4 май доир мегардад, ин созишнома мавриди баррасӣ қарор мегирад, хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов.

Ба вакилон ҳамчунин тасдиқи Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя низ пешниҳод мешавад.

Зимни ҷаласа вакилони мардумӣ Созишномаи грантиро оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» байни ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ низ баррасӣ мекунанд.

Ғайр аз ин, баррасии ворид намудани тағйироту илова ба лоиҳаи қонун «Дар бораи сармоягузорӣ» низ дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...