То ҳол маълум нест, ки ҳамлаи ҳавоӣ ба қаламрави Афғонистон аз ҷониби кӣ сурат гирифт

То ҳол маълумот дар бораи сурат гирифтани ҳамлаи ҳавоӣ ба қаламрави Афғонистон ва аз ҷониби кӣ содир шудани он номаъулм боқӣ мемонад. Ёдрас мекунем, ки дар бораи ҳамлаи ҳавоӣ ба ноҳияи Дарқади вилояти Тахор бо ҳавопаймои ҳарбӣ, ки гӯё аз самти Тоҷикистон парвоз кардааст, ба ВАО-и афғонӣ намояндаи расмии губернатори Тахор Ҷовид Ҳиҷрӣ хабар дода […]

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

То ҳол маълумот дар бораи сурат гирифтани ҳамлаи ҳавоӣ ба қаламрави Афғонистон ва аз ҷониби кӣ содир шудани он номаъулм боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи ҳамлаи ҳавоӣ ба ноҳияи Дарқади вилояти Тахор бо ҳавопаймои ҳарбӣ, ки гӯё аз самти Тоҷикистон парвоз кардааст, ба ВАО-и афғонӣ намояндаи расмии губернатори Тахор Ҷовид Ҳиҷрӣ хабар дода буд.

Ин зарбаҳо гӯё посух ба задухӯрде будааст, ки рӯзи 27 август дар ноҳияи Фархори ҳаммарз бо Афғонистон байни нашъаҷаллобони эҳтимолии маҳаллӣ ва сарҳадбонони тоҷик рух дода буд.

Санаи 26 августи соли ҷорӣ дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадастӣ номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар автомашинаи “Нива”-и муталлиқ ба хоҷагии ҷангали ноҳия ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифт. Ду ҷангалбон ҳалок ва як нафар захмӣ шуд.

Аз Кушӯнҳои сарҳадиии КДАМ Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” бо амри “Бонги хатар” хезонида шуда, бо мақсади пайдо ва несту нобуд намудани гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузарониданд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи пулиси афғон изҳор доштааст, ки мансубияти ҳавопаймоҳоро саҳеҳ муайян кардан муяссар нашудаааст. Қайд кардааст, ки бар асари зарбаи ҳавоӣ ҳашт нафар ҷангиёни Толибон кушта ва шаш нафар захмӣ шудаанд.

Васоити ахбори умумии Афғонистон низ дигар ин мавзӯъро баррасӣ намекунанд ва дар сомонаҳои афғонӣ низ ин масъала дигар пайгирӣ намешавад.

Маълумот дар бораи гӯё аз ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтани ҳамлаи ҳавоӣ ба қаламрави Афғонистон асоси воқеӣ надорад, – хабар дода буд  ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Вазорати мудофиаи Русия низ даст доштан ба зарбаҳои ҳавоӣ дар қаламрави Афғонистонро рад намуда, изҳор медорад, ки маълумоти бо ҳавопаймоҳои ҷангии Русия мавриди ҳамла қарор гирифтани ҷангёини ҳаракати тундгарои Толибон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон асоси воқеӣ надорад.

Ба гуфтаи котиби матбуотии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Владимир Зайнетдинов, ин Созмон низ ба зарбаи ҳавоӣ дар шимоли Афғонистон ҳеҷ муносибате надорад.

“Дар ин бора мо дар даст маълумот надорем. Фазои ҳавоӣ дар минтақаро Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Русия назорат мекунанд. Ҳарду ҷониб ҳам ба ин ҳодиса муносибате надоранд ва ин маълумотро аллакай рад карданд”, – гуфтааст Зайнетдинов.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст