Дар Ӯзбекистон сифати хизматрасониро харидорони махфӣ месанҷанд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор Дар бораи баланд бардоштани мавқеи кишвар дар баҳогузориҳои байналмилалиро имзо кард, ки яке аз бандҳояш ташкили мақоми “харидорони махфии хизматрасониҳои давлатӣ” мебошад. Санҷишро вазорати адлия ва палатаи савдо ва саноати кишвар бо кӯмаки харидорони махфӣ амалӣ менамоянд, менависад АИ “Фергана”. Кормандон ё харидорони кирояи онҳо ҳамчун харидори воқеӣ хизматрасониҳои давлатиро […]

АИ "Фергана"

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор Дар бораи баланд бардоштани мавқеи кишвар дар баҳогузориҳои байналмилалиро имзо кард, ки яке аз бандҳояш ташкили мақоми “харидорони махфии хизматрасониҳои давлатӣ” мебошад.

Санҷишро вазорати адлия ва палатаи савдо ва саноати кишвар бо кӯмаки харидорони махфӣ амалӣ менамоянд, менависад АИ “Фергана”.

Кормандон ё харидорони кирояи онҳо ҳамчун харидори воқеӣ хизматрасониҳои давлатиро фармоиш медиҳанд ва сифати онро баҳогузорӣ менамоянд.Онҳо мушаххас мекунанд, ки дар чӣ қадар муддат ба онҳо хизмат расонида шуд, то кадом андоза бо онҳо муносибат хуб буд ва ғайра.

Санҷиш на танҳо бо ташриф овардан ба мақомоти хизматрасон, балки тариқи телефон ё почтаи электронӣ низ гузаронида мешавад. Дар айни ҳол, харидорони махфӣ ҳуқуқи истифода аз усулҳоеро, ки “барои содир кардани ҷиноят ё сӯйистифода аз мақом водор мекунад” надоранд.

Санҷиши мазкур барои боло бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ роҳандозӣ гардидааст. Натиҷаҳои санҷиши харидорони махфӣ хулосагирӣ карда шуда, дар шакли тавсияҳо, барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида, ба мақомоте, ки ба хизматрасонии давлатӣ машғуланд, фиристода мешавад. Барои камбудиҳои ошкоргардида кормандони мақомоти давлатӣ ҷазо дода намешаванд.

Соли 2018 дар Ӯзбекистон системаи хизматрасонии давлатӣ ба пуррагӣ иваз карда шуд. Дар ин давлат Маркази хизматрасониҳои давлатӣ ташкил гардид, ки тибқи системаи “равзанаи ягона” фаъолият намуда, ҳам ба шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам ба шахсони воқеӣ хизмат мерасонад.

Аз моҳи апрели соли 2018 хизматрасониҳои давлатӣ дар ин марказ аз 37 то 50 намуд зиёд шуд. Дар назар аст, ки то охири соли равон хизматрасониҳо дар ин марказ то 160 намуд зиёд мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз ҳамла ба Иморот то ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.