Осеби мудҳиш ба Калисои Ҷомеи Париж бар асари сӯхтор

Шоми 15-уми апрел дар калисои "Нотр Дам" дар шаҳри Париж, ки беш аз 700-сола аст, сӯхтор сар зад. Ин калисо яке аз маҳбубтарин гӯшаҳои сайёҳии Фаронса аст ва солона беш аз 13 миллион нафар аз онҷо боздид мекунанд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, як сухангӯи калисо ба хабаргузории "Фаронса" гуфтааст, сохтори чӯбӣ, ки сақфро нигаҳ […]

Шоми 15-уми апрел дар калисои "Нотр Дам" дар шаҳри Париж, ки беш аз 700-сола аст, сӯхтор сар зад. Ин калисо яке аз маҳбубтарин гӯшаҳои сайёҳии Фаронса аст ва солона беш аз 13 миллион нафар аз онҷо боздид мекунанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, як сухангӯи калисо ба хабаргузории "Фаронса" гуфтааст, сохтори чӯбӣ, ки сақфро нигаҳ медошт, дар оташ аз байн рафтааст. Бар асари сӯхтор сақфи калисо, манора пурра хароб ва соати Нотр-Дам-де-Пари вайрон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар хабари санаи 16 апрели нашрияи Le Figaro маълумот дода мешавад, ки сӯхтор дар калисои Нотр –Дам-де-Пари пурра хомӯш карда шудааст.

Дар ВКД таъкид доштаанд, ки алҳол муайян кардани сабаби сар задани сӯхтор барвақт аст. Тибқи маълумоти хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, мувофиқи маълумоти пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор корҳои таъмиру тармими калисо шудааст.

Калисои Ҷомеи Париж дар садаҳои XII-XIV бунёд шуда, ин ҳама муддат яке аз ёдгориҳои машҳури Аврупо ва рамзи пойтахти Фаронса ба шумор мерафт ва аз маконҳои маҳбуби ҷаҳонгардон буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.