Эътирозҳои сокинони Қазоқистон зидди интихоботи пеш аз муҳлат

Дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алматои Қазоқистон 1 май зидди интихоботи президентии пеш аз муҳлат эътирозҳо баргузор шуданд. Пулис даҳҳо иштирокдори роҳпаймоии мухолифонро дар пойтахти Қазоқистон ва Алмато боздошт кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Нурсултон ҳудуди даҳ фаъоли боздоштшударо пас аз гуфтугӯ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дубора озод карданд. Тазоҳургарон гуфтаанд, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алматои Қазоқистон 1 май зидди интихоботи президентии пеш аз муҳлат эътирозҳо баргузор шуданд. Пулис даҳҳо иштирокдори роҳпаймоии мухолифонро дар пойтахти Қазоқистон ва Алмато боздошт кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Нурсултон ҳудуди даҳ фаъоли боздоштшударо пас аз гуфтугӯ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дубора озод карданд. Тазоҳургарон гуфтаанд, ки то ҳамаи боздоштшудаҳо раҳо нашаванд, эътирозро қатъ нахоҳанд кард.

Ба назди тазоҳургарон намояндаи додситонии Қазоқистон баромада, таҷаммӯи онҳоро ғайриқонунӣ номид ва хост, пароканда шаванд. Вале эътирозгарон ба роҳпаймоии худ идома доданд.

https://www.youtube.com/watch?v=3RUGSobu1nw

Дар Алмато фаъолон нахуст дар боғи шаҳр ҷамъ шуда, сипас дар яке аз хиёбонҳои марказӣ роҳпаймоӣ карданд. Пулис онҳоро ба муҳосира гирифта, даҳҳо эътирозгарро боздошт кард. Бино ба хабарҳо, дар эътирозҳои Нурсултон ва Алмато садҳо одам иштирок карданд.

Эътирозгарон сокинони Қазоқистонро ба таҳрими интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон дар рӯзи 9 июн даъват доранд. Онҳо ҳамчунин аз мақомот талаб доранд, ки маҳбусони сиёсӣ ва фаъолони боздоштшударо дар эътирозҳои пешин озод кунанд. Ҳамчунин шиорҳое зидди тағйири номи Остона ба Нурсултон мушоҳида мешавад.

Дар Қазоқистон аз аввали моҳи апрел зидди интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ эътирозҳо идома дорад. Ба гуфтаи онҳо, ин интихобот бидуни рақобати солим ва воқеӣ бо пирӯзии иҷрокунандаи вазифаҳои президент Қосимҷомарт Тоқаев хоҳад анҷомид.

Нурсултон Назарбоев пас аз 30 соли раҳбарӣ 19 марти соли равон аз мақоми президентии Қазоқистон истеъфо дод. Вале ҳанӯз ҳам салоҳиятҳои калидиро дар ихтиёр дорад. Духтари калонии ӯ ба ҷои Тоқаев раиси сенати Қазоқистон таъйин шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.