Сафари ҳунарии Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский ба шаҳрҳои Русия 16-уми ноябр шурӯъ мешавад. Дар ин бора ба Asia-Plus ҳунарпешаи ин театр Хуршед Мустафоев иттилоъ дод.
Гурӯҳи эҷодии театр дар доираи ин сафари ҳунарӣ ба шаҳрҳои Тамбов ва Маскав меравад.
“Иттифоқи кормандони театрии Федератсияи Русия театри моро барои сафари ҳунарӣ ба кишварашон даъват кард. Вақте дастандаркорони Ҷашнвораи театрҳои русзабон фаҳмиданд, ки мо ба шаҳри Тамбов меравем, хоҳиш карданд, то дар ин фестивал ҳам ширкат варзем. Мо бо спектаклҳои “Тартюф” ва “Шабе дар театр” (Ночь в театре) ба сафар мебароем”, – гуфт ӯ.
Ин сафари ҳунарӣ 16-уми ноябр дар шаҳри Тамбов шурӯъ шуда, зимнан ҳар ду намоишнома пешкаши бинандагони маҳаллӣ мешавад. Сипас ҳунарпешаҳои Тоҷикистон дар Ҷашнвораи театрҳои русзабон, ки айни замон дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, рӯзи 19-уми ноябр бо спектакли “Тартюф” ширкат меварзанд.
Дар ин Ҷашнвора ҳамчунин театрҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Гурҷистон ва Молдова ҳунарнамоӣ мекунанд.
Намоишномаи “Тартюф” аз рӯйи асари нависандаи швейтсарӣ Жан Батист Молйер таҳия шуда, коргардони он Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков мебошад.
“Шабе дар театр”-ро Хуршед Мустафоев аз рӯйи ҳикояҳои Антон Чехов ба саҳна гузоштааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


