“Ба кӯдакон дар бораи гурбаҳо”. Ҷашнвора барои кӯдакони махсус

Ташкилоти ҷамъиятии хайрияи “Дилҳои кушода” дар ҳамдастӣ бо мағозаи ҳайвонот (зоомагазин)-и “Рекс ва Компания” рӯзи 23-юми ноябр барои кӯдакони махсус фестивали гурбаҳо гузарониданд. Чорабинӣ аз шиносоӣ бо гурбаҳо оғоз гардид. Ба гуфтаи чанде аз волидон ва муассиси ташкилоти “Дилҳои кушода” Дилбар Қурбонова, бархе аз кӯдакони даъватшуда бори нахуст аз наздик бо гурбаҳо ошно шуданд. “Рекс ва […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Ташкилоти ҷамъиятии хайрияи “Дилҳои кушода” дар ҳамдастӣ бо мағозаи ҳайвонот (зоомагазин)-и “Рекс ва Компания” рӯзи 23-юми ноябр барои кӯдакони махсус фестивали гурбаҳо гузарониданд.

Чорабинӣ аз шиносоӣ бо гурбаҳо оғоз гардид. Ба гуфтаи чанде аз волидон ва муассиси ташкилоти “Дилҳои кушода” Дилбар Қурбонова, бархе аз кӯдакони даъватшуда бори нахуст аз наздик бо гурбаҳо ошно шуданд.

“Рекс ва Компания” дар фестивал гурбаҳои ғайриодӣ ва зотиро пешниҳод кард, ки нархашон дар мағозаҳо аз 500 сомонӣ сар мешавад. Байни онҳо гурбаҳои бритониёии кӯтоҳпашм, форсӣ ва ҳатто сфинкс буданд.

“Кӯдакон хурсандона бо гурбаҳо бозӣ карданд. Аксари онҳо чунин гурбаҳоро бори авввал дида, бо онҳо аз наздик шинос шуданд”, – мегӯяд Дилар Қурбонова.

Ҳамчунин дар доираи фестивал озмуну викторинаҳо доир гардида, кӯдакон рақсу сурудхонӣ карданд. Дар фарҷом меҳмонони ҷашн гурбаеро бо номи “Гарфилд” беҳтарин донистанд.

Ташкилоти ҷамъиятии хайрияи “Дилҳои кушода” аз ҷониби волидони кӯдакони дорои синдроми Даун таъсис шуда, ҳадафи он дастгирии чунин волидон ва беҳбуди сифати ҳаёти кӯдакони махсус унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.