Генерал Навҷувонов мушкилоти аслии вилояти Суғдро номбар кард

“Проблемаи рақами яки вилояти Суғд сарҳади қирғиз бошад, проблемаи дуюм – терроризму экстремизм”, – гуфт сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов имрӯз, 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ. Ба қавли ӯ, гурӯҳи экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъи “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон) аз соли 1999 фаъолияти худро дар вилояти Суғд оғоз кардааст. “Дар ин ҷо аз факултаи […]

Asia-Plus

“Проблемаи рақами яки вилояти Суғд сарҳади қирғиз бошад, проблемаи дуюм – терроризму экстремизм”, – гуфт сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов имрӯз, 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ.

Ба қавли ӯ, гурӯҳи экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъи “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон) аз соли 1999 фаъолияти худро дар вилояти Суғд оғоз кардааст.

“Дар ин ҷо аз факултаи шарқшиносӣ бо маблағгузории шоҳигарии Арабистони Саудӣ сар карданд. Шаҳрвандони моро бурда, дар он ҷо тайёр мекарданд ва меоварданд. Дар байнашон донишомӯзон ва муаллимони донишкада буданд. Як қисмашон аз вилояти Суғд бошанд, бештари онҳо бо роҳбарони асосӣ аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон буданд”, – иброз дошт Навҷувонов.

Ӯ аз баёни шумораи аниқи дастгиршудагон бо гумони узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” худдорӣ карда, афзуд, ки ин сирри тафтишот аст.

Абдулло Навҷувонов зимни суханронӣ оид ба натоиҷи соли 2019 аз ҷумла гуфт: “Баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои сарвари давлат ҳамагӣ 440 ҷинояти раванди террористӣ-экстремистӣ ошкор карда шуд. Ҳамчунин 52 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои террористӣ-экстремистӣ аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муайян ва дастгир карда шуданд. Бо роҳи гузаронидани суҳбату вохӯриҳои боварибахш 170 нафар аъзои иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои эктремистӣ, иштирокчиёни муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, аз ин шумора 82 нафар дар дохили худи вилоят ва 88 нафар аз хориҷи кишвар ба Ватан баргаштанд. Онҳо ихтиёран ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳозир шуда, бо ариза муроҷиат карданд. Ҳамаи нафароне, ки ихтиёран омаданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Барои иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи  давлатҳои хориҷӣ нисбат ба 75 нафар сокинони вилоят парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд роҷеъ ба муноқишаҳо дар манотиқи наздимарзӣ гуфт: “Вобаста ба ин ҳодисаҳо то 16-уми декабри соли гузашта 27 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар кофтуков эълон гардида, 16 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Аз моҳи декабр то ҳолатҳои ахиран рухдода боз 6 парвандаи ҷиноятии дигар оғоз гардид. Аммо ҳаллу фасл кардани ин парвандаҳои ҷиноятӣ бисёр мушкил аст, чунки дастгир кардани як қирғиз боз проблемаи байни ду давлат мешавад”.

Вай аз собиқаи пайдоиши мушкилоти сарҳадӣ чунин ёдовар шуд: “Инро барои мо гузаштагон мерос монданд. Шумо таърихро бардоред, Бодканд ягон бор қирғизнишин набудааст. Қирғизро оварда, замин додем, ҷой додем, имрӯз барои мо проблема шудааст”.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр сарҳадоти муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он (60%) аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.