Туркманистониҳоро ба пардохти харҷи мубориза бо коронавирус маҷбур мекунанд

Мақомоти Туркманистон андешидани тадбирҳо барои ошкор кардани мубталоёни коронавирусро идома медиҳанд. Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, дар тамоми роҳу даромадгоҳи шаҳрҳо, истгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳарорати сокинон санҷида шуда, дар боғчаву мактабҳо аз кӯдакон барои коронавирус озмоиш мегиранд. Гуфта мешавад, мақомоти туркман натиҷаҳои озмоишро ҳанӯз ҳам пинҳон мекунанд. Ба ҷуз ин, сокинонро маҷбур […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Туркманистон андешидани тадбирҳо барои ошкор кардани мубталоёни коронавирусро идома медиҳанд.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, дар тамоми роҳу даромадгоҳи шаҳрҳо, истгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳарорати сокинон санҷида шуда, дар боғчаву мактабҳо аз кӯдакон барои коронавирус озмоиш мегиранд.

Гуфта мешавад, мақомоти туркман натиҷаҳои озмоишро ҳанӯз ҳам пинҳон мекунанд. Ба ҷуз ин, сокинонро маҷбур менамоянд, ки харҷи мубориза бо коронавирусро пардохт кунанд.

Кормандони пулис вазифадор шудаанд, ки аз ҳисоби худ дастгоҳи ҳароратсанҷро бо арзиши 300 манат бихаранд.

Ҳамчунин омӯзгорони мактабҳои Ишқобод вазифадор шудаанд, ки барои хариди дору пул ҷамъ кунанд ва донишомӯзон низ аз хонаҳо ба мактаб маҳлули безараргардонӣ мебаранд.

Интизор меравад, маҳдудияти сафар миёни вилоятҳои Туркманистон аз 16 апрел камтар шавад. Сокинони ин кишвар дар пайи пурзӯр шудани назорат ҳангоми равуо ва дарёфти иҷозатнома бо мушкилиҳо рӯбарӯ шудаанд.

Дар Туркманистон охирҳои моҳи март қоидаи наве қабул шуд, ки бар асоси он сокинон танҳо дар асоси иҷозатномаи махсус ва маълумотномаи тиббӣ дар бораи мубтало набудан ба коронавирус метавонанд аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.