Ректори донишгоҳи Бохтар: “Кафедраи ҳарбӣ рақобати солимро аз байн мебарад”

Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар нишасти хабарии 21-уми июл гуфт, ки мавҷудияти кафедраҳои ҳарбӣ рақобати солиму устувори байнимуассисавиро аз байн мебарад. “Дар соли хониши 2019-2020 ба донишгоҳҳои дигар 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар кӯч бастанд. Ин ду омил дорад. Яке аз ин омилҳо он аст, ки дар аксари […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар нишасти хабарии 21-уми июл гуфт, ки мавҷудияти кафедраҳои ҳарбӣ рақобати солиму устувори байнимуассисавиро аз байн мебарад.

“Дар соли хониши 2019-2020 ба донишгоҳҳои дигар 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар кӯч бастанд. Ин ду омил дорад. Яке аз ин омилҳо он аст, ки дар аксари мактабҳои олӣ кафедраҳои ҳарбӣ мавҷуданд”, – изҳор дошт ректор.

Вай афзуд: “Яке аз маъракаҳои муҳими ҳукумати Тоҷикистон даъвати ҳарбӣ аст. Вақте хатмкардаи мактаби олӣ меравад, ӯ рутбаи афсар мегирад, зеро кафедраи ҳарбӣ хондааст. Агар ҳамчун афсар ба хизмати ҳарбӣ даъват шавад, бо маоши муносиб меравад. Агар не, ба ихтиёри худ мегарадад. Дар мактабҳои олие, ки кафедраҳои ҳарбӣ нест, ин зуҳурот нест”.

Сайфиддин Давлатзода омили дигари кӯч бастани донишҷӯёнро аз донишгоҳҳои музофотӣ норасоии нерӯи кадрӣ, воситаҳои таълимӣ ва усули дарсӣ арзёбӣ кард.

“Ҳанӯз дар музофотҳо норасоии нерӯи кадрӣ аз фанҳои дақиқ ва равияи техникию технологӣ ба назар мерасад… Пешаи омӯзгорӣ заҳматталаб аст, ҳар кас намехоҳад омӯзгор бошад ва таълимгирандаи имрӯза низ аудиторияе ҳаст, ки на ҳар омӯзгорро бардошта метавонад. Ман фикр мекунам, ин яке аз омилҳои навбатии кӯч бастани донишҷӯён ба дигар мактабҳои олӣ мебошад”, – гуфт ректор.

Ба қавли ӯ, давоми як соли охир 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба донишгоҳҳои дигар гузаштаанд. Ҳамзамон аз мактабҳои олии дигар ба ин донишгоҳ 15 нафар донишҷӯён омадаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.